Зуҳри имрӯз, 17 март дар Душанбе маросими тақдими ҷоизаҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сурат мепазирад.
Дар ҳоле, ки ҳамасола ин ҷоиза 11-уми март, рӯзи таҷлил аз Иди матбуоти тоҷик эъто мешуд.Соли равон аввалин маротиба дар таърихи супурдани ҷоизаи мазкур теъдоди барандагони он ба 10 нафар расид. Ба иттилои Акбари Саттор, раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдуқаюми Қаюмзод («Озодӣ»), Абдуғафори Камол («Ҷаҳоннамо»), Фирӯза Саидова (Радиои Тоҷикистон), Сайёф Мизроб («СССР»), Зафар Саидов («Сафина»), Ҷумъа Қувват («Нури Нуробод»), Гавҳар Умарова (Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода), Игор Сатторов (ҳафтаномаи «Алюминийи Тоҷикистон»), Солеҳбой Дадабоев (Ҳақиқати Суғд) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи "Истиқлол" дар ноҳияи Темурмалик) ғолиби озмун дар соли 2011 эътироф шудаанд.Мавриди ёдоварист, ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфта, ҳамасола ба беҳтарин фаъолияти журналистӣ супорида мешавад. Тули ин солҳо танҳо як нафар
Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори нашрияи "Миллат" соли гузашта ба далели он, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон яке аз сармоягузорони Ҷоизаи Лоҳутӣ буд ва даъвои додгоҳии ин вазорат алайҳи ин нашрия матраҳ буд, аз гирифтани ҷоиза даст кашид.