Корфармои рус барои кафшергарони тоҷик 18 000 рубл моҳона медиҳад
Тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор»-и Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонон ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шуданд.
Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Бино ба хабари манбаъ ин гурӯҳ ҷавонон хатмкунандагони Омӯзишгоҳи касбӣ-техники (ОКТ)-и 66-и шаҳри Душанбе буда, баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддат ва гирифтани шаҳодатнома соҳиби ихтисосҳои кафшергари барқӣ-газӣ шуданд. «Маоши онҳо 18 000 рубли русиро ташкил дода, корфармо хурду хӯрок, ҷойи хобашонро ба ӯҳдаи худ гирифтааст»,-афзуд сарчашмаи хабар. Ба Русия сафарбар кардани муҳоҷирони корӣ дар доираи ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Хадамоти Федеролии муҳоҷирати Русия амалӣ шудааст.