Тавре аз бонки мазкур ба «Озодагон» гуфтанд, дар толори маҷлисгоҳи бинои марказии Бонк бо ширкати намояндагони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, бонкҳо ва муассисаҳои молиявии кишвар, шарикони бонк аз кишварҳои мухталиф, аз қабили Олмон, Русия, Қазоқистон, Белгия, Чин, Фаронса, Малайзия, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, ҳамчунин, рӯзноманигорон ширкат намуданд. Маҳфилро филми" Ояндаро имрӯз бояд сохт", ки таърихи бонкро аз оғоз то имрӯз дар бар мегирифт, ифтитоҳ бахшид.Тоҷидин Пиров, раиси Шӯрои нозирони «Тоҷиксодиротбонк» зимни суханронӣ изҳор намуд, ки давоми 20 сол «Тоҷиксодиротбонк» тавонист аз як филиали хурд ба як бонки тавонои дорои шабакаи фарогири филиалҳо ва бонки фаръӣ дар ҷумҳурӣ табдил ёфта, тавассути ҳамкориҳои самарабахш бо шарикони хориҷӣ дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеъ пайдо намояд. Раиси Шӯро ҳамчунин ба дастовардҳои «Тоҷиксодиротбонк», ки махсусан дар солҳои охир хеле назаррас мебошанд, таъкид намуда афзуд: «Таъсиси филиалҳои нав ва комилан анҷом додани фарогирии ҷумҳурӣ бо шабакаи филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ, ташкили шӯъба ва намояндагиҳо дар мамлакатҳои хориҷа, ҷорӣ намудани маҳсулот ва хизматрасониҳои нави бонкӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳ ва сифати нав бо шарикони бонк дар дохил ва хориҷи мамлакат, васеъ намудани доираи мизоҷон ва муштариёни бонк, афзун намудани нишондиҳандаҳои бонк ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарият ва ҳар як корманди Тоҷиксодиротбонк маҳсуб меёбанд».