Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва то давраи расидан ба мусолиҳаи миллӣ матбуоти мустақил то ҷое, ки имкон дошт, нақши муҳим ва рисолати азалии худро нигоҳ дошт.
Агарчӣ ҳолатҳои истисноӣ ҳам буданд, ки вазъи бе ин ҳам муташанниҷро бархе аз маводҳои журналистон печидатар мекард. Дар даҳсолаи аввали истиқлолият ва қабл аз ҳама то оғози ҳазорсолаи нав, баррасӣ намудани ғояҳои оштии миллӣ, миллатсозӣ ва давлатдории миллӣ дар матбуот нақши асосӣ дошт. Чаро ки дар раванди ташаккул ва устуворгардии низоми сиёсии давлат матраҳ намудани масъалаҳое, ки усулан бунёдӣ ҳастанд, тақозо менамоянд, то дар ин раванд афкори омма ба вуҷуд биёяд.
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ пайдо мекунед: https://ozodagon.tj/g/item/16252