Дар арафаи ҷашни Наврӯз Эмомалӣ Раҳмон аз 4 бинои 9 ошёнаи истиқоматӣ ба 352 оилаи кормандони сохторҳои қудратӣ манзил тақдим кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, ин хонаҳо дар кӯчаи Нусратулло Махсуми пойтахт ҷойгир шудаанд. Тавре зикр гардид, аз миёни онҳое, ки соҳиби манзил шуданд, аксаран кормандони Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қушунҳои сарҳадӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовар будаанд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими супоридани калиди манзилҳо ба сифати сохтмон ва корҳои ороишу таҷҳизи биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла хонаҳои васею барҳавои онҳо баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки минбаъд низ чунин тарзи кор ривоҷ дода шавад.
Президенти кишвар зимни сӯҳбат бо ҷамъи соҳибони хонаҳои нав онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ва муҳимтар аз ҳама ба муомилаю муносибати хуб бо мардум ҳидоят намуд.