Феълан, муассисаҳои бонуфузи кишвар, ба монанди «Газпром», «Талко», ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр», созмонҳои байналмиллалӣ, бонкҳо, сафоратхонаҳои Британияи Кабир, Русия, Ҷопон, Олмон ва чандеи дигар муштарии корпоративии «МегаФон Тоҷикистон» мебошанд.
«Мақсади мо муҳайё намудани хизматрасонии сатҳи баланд ва дорои технологияи муосир барои муштариён мебошад. Коргоҳи нав дар минтақаи муносиб, ошёнаи якум ва дар беҳтарин маркази тиҷоратии дараҷаи олӣ қарор дорад. Қобили тазаккур аст, ки он бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳаз аст»,-мегӯяд Алексей Семёнов, сарвари иҷроияи «МегаФон Тоҷикистон».
Коргоҳи нав аз ду қисмат иборат аст: машваратию фуруш ва VIP-хизматрасонӣ. Чунин тақсимот сатҳи хизматрасонии муштариёнро ба маротиб беҳтар мекунад. Дар маҷлисгоҳи муҷаҳаз бо техникаи намоишии ҳозиразамон ва интернет бо суръати баланд кормандон ва муштариён метавонанд вохӯриҳои васеъ, видеоҷаласа ва гуфтушунид баргузор кунанд. Ҳамчунин тарҳ ва муҳити роҳатафзои бино таъби муштариёнро хуш мегардонад. Коргоҳ пурра аз таҷҳизоти комилан тозаи экологии дорои сертификат муҷаҳаз аст.
Нахустин муштарии корпоративии коргоҳи нав Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мебошад. Ба ин муносибат ба Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита дипломи фахрӣ ва планшети ҳозиразамон тақдим гардид.