Маҷалла: Бо се забон дар фурудгоҳи Душанбе
Маҷаллаи оммавӣ-фарҳангии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромад.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» сармуҳаррири маҷалла Рустам Ҷалолов иттилоъ дод, бо се забон нашр шудани маҷаллаи фурудгоҳ ба хотири мусофирон аст, то онҳо имконияти мутолиа дошта бошанд ва барои худ бардоште ҳосил кунанд. Муассиси маҷалла ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» буда, тасмим аст минбаъд ҳар моҳ нашр шавад. Маҷалла ранга ва чопи офсетӣ буда, оид ба таърих, фарҳанг, расму оин, анъана ва бахшҳои дигари ҷомеаи маълумот медиҳад. Зимнан, дар саҳифаҳои маҷалла комёбиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, расму оин ва анъанаҳои наҷиби халқҳои Тоҷикистон пайваста инъкос ёфта, ба ин васила муштариён бо Тоҷикистон боз ҳам беҳтару хубтар шинос мешаванд. Гуфта мешавад, ин маҷалла ба мусофирон ройгон тақсим мешавад.