Акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсионӣ аз ҷониби раёсати суди шаҳри Душанбе лағв гардида, он барои баррасӣ бозбинии такрорӣ ирсол шудааст.
Ёдрас менамоем, Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин ҳафтаномаро дар охири соли 2009 тӯҳмат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд. Нашрияи «Миллат» низ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.