Дар ҳамин ҳол, ба иттилои аз ноҳияи Шӯрообод расида, дар ҷамоати Ёли ноҳия, 2 боми хонаҳои истиқоматӣ, як мағоза ва бинои ҷамоати деҳот низ аз вазнинии барф чаппагардон шуда буд. Аммо бо сабабҳои номаълум, ин ҳолатҳо дар Ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи минтақа расман ба қайд гирифта нашудааст. Аввали моҳи март бошад, дар рустои Қарағочи ноҳияи Восеъ дар натиҷаи ярчфароӣ 15 хонаи истиқомтаи сокинон зарари ҷиддӣ дида, 3 сар ҳайвони калони шохдор ва 25 сар чорвои майда ба ҳалокат расидааст. Гуфта мешавад, дар ин русто 118 оила бо шумули умумии 965 нафар ба сар мебаранд. Тибқи иттилои Ситоди ҳолатҳои фавқуллода, ин русто низ дар қайди мавзеъҳои хавфнок буда, кӯчонидани аҳолии он дар нақша мебошад.
Дар ноҳияи Муъминобод бошад, бинои истироҳатгоҳи истеҳсолию таҷрибавии «Бешаи сабз»-и Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб хароб гаштаву зарари расида ба миқдори 26800 сомонӣ баробар аст. Инчунин, бунгоҳи тиббӣ дар рустои Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балховӣ ба маблағи 19600 сомонӣ, бинои мактаби таҳсилоти умумии №15 дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба маблаги 43 ҳазор сомонӣ ва 3 манзили зист дар маркази ноҳия ба маблағи умумии 40500 сомонӣ зарар дидаанд.
Дар ноҳияи Ховалинг дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва вазнинии он 2 адад болопӯши идораи пиллақабулкунӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ, бинои китобхона дар рустои Лоҳутӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва бинои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар рустои Ҷонбахт ба маблағи 380 ҳазор сомонӣ харобу вайрон гаштаанд.
Дар ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон бошад, қисман вайрон гаштани 5 манзили зисти одамон расман ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир зарари расида аз ҷониби масъулини ноҳия, ҳисоб карда нашудааст.
Бино ба иттилои муовини сардори ҳамин Ситод, лейтенанти калон Азизмад Юсуфов, дар навоҳии боқии минтақа зарар ба қайд гирифта нашудаанд.
Аммо тибқи хабари ғайрирасмӣ, дар ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа бо сабаби боридани барфи зиёд, фаромадани ярч барои сокинони алоҳида зарари моливу иқтисодӣ расидааст. Миқдори зиёди деворҳои ҳавлӣ ва иншооти ёрирасони аҳолӣ хароб гаштаанд, ки мутаасифона дар ин маврид сокинон ба мақомоти дахлдор муроҷиат накардаанд.