Ба қавли оқои Ҳусайнӣ, ҳамчунин муаррифӣ кардани мактаб ва афкори ин бузургон ба ҷомеа ва алалхусус ба насли ҷавоне, ки онҳоро надидааст. Аз тарафи дигар, ин ҳамоиш таҷдиди аҳду паймон аст, ки мо дар роҳи пешгирифтаи онҳо ва дар мактаби эшон пойбанд ва содиқ ҳастем.
Гуфта мешавад, ба ин ҷаласа беш аз сад меҳмон, аз ҷумла намояндаҳои ҳукумату аҳзоби сиёсии кишвар, намояндагони сафоратхонаҳо, шахсиятҳои барҷастаи кишвар, журналистон, аҳли зиё ва аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва дигарҳоро барои ширкат кардан дар ин ҳамоиш даъват кардаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки ширкат дар маҳфил озод буда, ҳар нафаре хоҳони ширкат кардан аст, метавонад иштирок кунад.
Зимнан, пас аз баргузории ҳамойиши мазкур ҷаласаи фаъолони ҲНИТ дар минтақаи НТҶ (Ноҳияҳои тобеи ҷумҳӯрӣ) сурат мепазирад ва дар он фаъолият, мушкилот ва монеаҳое, ки аъзои ин ҳизб дар ин минтақа мувоҷеҳ ҳастанд, баррасӣ мешавад.