Ҳамзамон, соли 2010 Конвенсияи зикргардида аз тарафи парлумони Тоҷикистон ратификатсия карда шуд.Маҳз, ҳамин Конвенсия ва қатъномаҳо имкон медиҳанд, то Наврӯз натанҳо дар дохили давлатхои алоҳида, балки дар тамоми дунё бо шукӯҳи хосса таҷлил гардад. Мисоли равшани он Наврӯз - 2012, мебошад, ки имсол дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз-иди ҷаҳонӣ буда, он чун иди рафоқат, равшанӣ, орзуҳо, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу дӯстӣ шинохта шудааст.
Дар тамоми вилоятҳову шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ ҷойҳои махсуси таҷлили Наврӯз ҷудо шуда, дар он ҷо дар давоми моҳи Фарвардин (аз 20 март то 20 апрел) бо номҳои гуногун аз ҷумла «Сари сол», «Соли нав» ва ғайра Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Занон ва мардон ҷудо аз ҳамдигар бо рақсу бозиҳои наврӯзӣ дилхушӣ намуда, нишасти идона мекарданд. Дар маросими ид бозиҳои гуногун аз ҷумла: «аспакбозӣ», «чархофалак», хурӯсҷанг, кабкҷанг гузаронида мешуданд.Ин ҷашн қабл аз ҳама рамзи бедоршавии табиат, гулгулшукуфӣ, ҷавонии ҷаҳон ва башарият аст. Инчунин, он рамзи зафари равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, неки бар бадӣ, тозагиву покизагӣ бар фасодӣ ва инсонпарварӣ бар золимӣ ва ғ.мебошад.
Наврӯз ташаббусгари бедоршавии рӯҳи инсон аст, бинобар ин вақтҳои охир унсурҳои Наврӯз дар тарбияи насли наврас мақоми хоса пайдо кардааст. Ҷараёни омодагӣ ба Наврӯз инчунин тайёр кардани таомҳои наврӯзиро, ки бештар аз растанӣ иборат аст, дар бар мегирад. Мақоми марказӣ ба гандум мансуб аст. Аз гандуми сабзшуда «суманак» пухта мешавад. Он таоми хосаи наврӯзӣ маҳсуб мешавад, бинобар он «суманак»-ро рамзи Наврӯз мегӯянд. Бояд зикр намуд, ки "суманак" дар ягон маврид аз тарафи як нафар пухта намешуд. Инчунин, таомҳои дигар мисоли «оши наврӯзӣ» ё «палави наврӯзӣ» тайёр карда мешавад; «оши бурида» ва «оши угро», «оши куча», «кочи», «оталаи наврӯзӣ», «самбусаи алафӣ», «бичак», «фатир», «кулча», «чапотӣ», «гирдача».
Дар навбати худ ташкилоти ЮНЕСКО расман талили иди "Наврӯз"-ро ҳамчун яке аз рукнхои мероси фарҳангии башарият ҷонибдорӣ намуда, рушду тарғиби омилхои наврӯзиро дар сатҳи байналмилалӣ хамаҷониба тарафдорӣ мекунад.Дар партави нишондодҳои ЮНЕСКО тавассути гуфтугӯҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълим, ки яке аз омилҳои асосии он ба шумор меравад мо низ даъват ба амал меорем то расму русум, анъана ва асилияти наврӯзӣ рушд ёфта, баҳри нигахдорӣ ва пахн намудани он тарики муколамаи байнифарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, барои насли оянда мусоидат намоем.
Иди байналмиллалии Наврӯз муборак бод ҳамватанони азиз ва меҳмонони гиромӣ !