Ҷопон ба кишоварзони камбизотаи Тоҷикистон кӯмак мекунад
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон дар бораи амнияти озуқаворӣ барои деҳқонони камбизоат тариқи мубодилаи ёддоштҳо як санади вижа ба имзо расид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба созишномаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва аз ҷониби Ҷопон Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Хироюки Имаҳаши имзо гузоштанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои санади зикргардида Созишномаи грантӣ дар бораи амнияти озуқаворӣ барои деҳқонони камбизоат байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) имзо гардид.
Манбаъ афзуд, санади дуввум бошад аз сӯи Ҳамрохон Зарифӣ ва Намояндаи доимии Дафтари JICA дар Тоҷикистон Ҷиро Иида имзо шуд.