Боздошти 5-зани тоҷик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Панҷ нафар аз занони тоҷик, сокинони шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва навоҳии Восеву Рӯдакӣ дар хати сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шӯрообод боздошт гардиданд.
Тавре сардори ШКД-и ноҳияи Шӯрообод полковники милиса Шариф Наимов ба хабарнигори минтақавии «Озодагон» гуфт, ҳамин хонумони тоҷик дар доду гирифт бо шаҳрвандони Афғонистон қарор доштаанд. Аммо бо кадом шева ва чӣ гуна доду гирифт будааст, ҷаноби Наимов чизе гуфтан нахост. Ба иттилои манбаъ, занони боздоштшуда ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб интиқол дода шуда, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо айби «иттилоъ надодан» оғоз гардидааст.