Ҳамзамон, раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев, мудири шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президенти Абдусаттор Раҷабов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов, муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов ва дигарон баромад намуда, ин мавзўро муҳим, муфид ва рӯзмара донистанд.
Ҳамчунин, дар конференсияи мазкур китоби тозаэҷоди таълимии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ Рамазон Раҳимов ба ҳозирин муаррифӣ карда шуда, қайд гардид, ки он беҳтарин дастури амалӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷўёни бахши ҳуқуқшиносӣ ва бевосита кормандони бахши оперативӣ мебошад. Дар идомаи конференсияи илмӣ проблемаҳои актуалии амалияи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ҳифзи сирри давлатӣ дар фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ, принсипҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, хусусияти пешниҳод кардани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба мақомоти таҳқиқ, муфаттиш, прокурор ва суд баррасӣ гардида, иштирокчиён фикру ақидаҳои худро дар ин мавзўъҳо иброз доштанд.