Ин миқдор маводи нашъадорро як сокини 36-солаи ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара ният доштааст, ки ба вилояти Свердловски Федератсия Русия интиқол диҳад.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз Раёсати минтақавии гумруки ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, кормандони ин ниҳод дар стансияи роҳи оҳани Хуҷанд, дар вагони боркаш, ки ба он мевахои хушк бор мекарданд, ҳангоми азназаргузаронии гумрукӣ, дар даруни халтаҳои мева, ба ҷои мағзи он маводи шубҳаовари бӯи махсусдошта дарёфт намуданд. Гуфта мешавад, ин гуна мавод дар дохили 22 халтаи меваи хушк кашф гардида, вазни хоси он 15 килову 165 граммро ташкил дод.
«Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қисми 4 ( муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) ва 289 қисми 2 ( қочоқ, аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон гузаронидани маводи нашъовар)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.