Оташсӯзӣ дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Қӯрғотеппа дар пайи расиши кӯтоҳи ноқили барқӣ ба амал омадааст.
Дар ин бора Назирмад Аюбов, сардори Хадамоти оташнишинии ин шаҳр иброз дошт. Бино ба қавли ӯ, сӯхтор муддати кӯтоҳ масоҳати 1 ҳазору 150 метри мураббаъро фаро гирифта, барои хомӯш кардани оташ 9 мошини махсуси қисмҳои сӯхторнишонии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Вахш, Сарбанд, Ҷомӣ ва ноҳияи Румӣ сафарбар карда шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, хисороти ворида аз оташсӯзӣ беш аз 320 ҳазор сомониро дар бар мегирад.Бояд тазаккур дод, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар ин бозор тафтишот гузаронида ва барои рафъи нуқсонҳои он дастурҳои зарурӣ дода шуда буданд.
Ёдрас менамоем, оташсӯзӣ дар ин бозори шаҳри Қӯрғонтеппа шаби 14-уми март ба амал омада, ҳудуди 80 ғурфаи тоҷирон сӯхта нобуд гардид.