Истеҳсол ва фурӯши тамоку маҳдуд мегардад.
Агентии Тоҷикстандарт назоратро аз болои молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар дар танҳоӣ амалӣ карда наметавонад
Бино бар ин бо иштироки як қатор ниҳодҳои дигар, аз қабили вазорати энергетика ва саноат, агентии сохтмон ва меъморӣ, вазорати тандурустӣ ва хадамоти байторӣ дар ниҳоди мазкур шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид. Ба иттилои маркази матбуотии агентии Тоҷикстандарт зимни баргузории ин шӯро масъалаи ҷилавгирӣ аз касалиҳои ҳайвонот гузаранда, маҳдуд намудани истеъмол ва фурӯши тамоку, дастгирии истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи қонунҳои амалкунанда баррасӣ гардиданд. Масъулин иброз доштанд, ки вазоратхонаҳо низ дар баробари агентӣ метавонанд дар назорати сифат ва бехатарии молу маҳсулот мусоидат кунанд, то минбаъд кору фаъолият аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монанда шавад.