Бино ба қавли масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот ҳар расму ойин, ки мероси фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, посдори забон низ ҳаст.Ба ин хотир, ин кумита дар ҳамкорӣ бо Бунёди забон ҳаштод донишманд ва муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро дар ин ҳамоиш гирдиҳам овардааст.
Маврид ба ёдоварист, ширкатдорони ҳамойиши мазкур, ки дар миёни онҳо намояндагони сафоратхонаҳои Эрон ва Афғонистон низ буданд, таъкид карданд, ки вазифаи олимон таҳияи китобҳо дар бораи таърих ва пайдоиш ва ҷанбаҳои иҷтимоъӣ ва инсонпарваронаи Наврӯз аст, ки бояд бештар таълиф шаванд ва ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума шаванд.