Ҳамзамон, ба ин муносибат Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо якчанд семинар-тренингҳо миёни устодон ва хонандагон гузаронидааст. Дар чорабиниҳои мазкур роҷеъ ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва роҳҳои татбиқи ин қонун иттилои пурра дода шуд.