Муаммар Каззофӣ, раҳбари барканоршуда ва кушташудаи Либия ба Николя Саркозӣ дар соли 2007 барои таблиғоти интихоботиаш 50 миллион евро кӯмак кардааст.
Расонаи хабарии «Mdyapart» бо ишора бар ин ки як рӯзноманигори он шоҳиди санадҳои ин кӯмаки молӣ мебошад, навиштааст: «Аз вуҷуд доштани ингуна аснод бохабар будем, аммо бори нахуст аст, ки дар бораи ҷузъиёти муҳтавои он огаҳӣ пайдо кардем». Гуфта мешавад, ин маблағ тариқи бонкҳои Швейтсария ва Панама ба Порис ирсол шуда буд.
Ин дар ҳоле аст, ки Николя Саркозӣ зимни як нишасти хабарӣ ин гуфтаҳоро рад намуда, афзуд: «Агар воқеан Каззофӣ барои маъракаи таблиғотӣ ба манн кӯмаки молӣ карда бошад, пас ман хеле кӯрнамак будаам».
Ёдовар мешавем, ки Николя Саркозӣ пеш аз ба ҳайси раисҷумҳур интихоб гардиданаш, дар соли 2007 мансаби вазири умури дохиларо бар ӯҳда дошт.