Озодагон: Ҳадаф аз ин тасмими Шумо, яъне боздид аз маҳбасхонаҳо чӣ буд ва ин тасмим аз ҷониби кӣ гирифта шуд?
Ойниҳол Бобоназарова: Чанде пеш Изатулло Шарипов, сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ман ва журналист Парвина Ҳамидоваро наздаш даъват кард. Зимнан, мо аз ӯ хоҳиш кардем, ки бо вазъи зиндонҳои кишвар ошно шуданӣ ҳастем. Он кас розӣ шуда, имконият доданд, ки ба кадом маҳбасхона, ки хоҳед марҳамат, рафта бинед. Мо ба ду зиндон рафта, бо шарту шароит, вазъи нигаҳдории маҳбусон аз наздик ошно шудем.
Озодагон: Акнун бигӯед, ки вазъи зиндонҳо ва маҳбусонро чӣ гуна ёфтед?
Ойниҳол Бобоназарова: Мо бо шарту шароити кори онҳо ошно шуда, сари корашон сӯҳбатҳо доштем. Масалан, дидем, ки маҳбусон чӣ тавр сандуқи тӯёна тайёр мекунанд, самоворро чӣ тарз месозанд, мизу курсиро чӣ тавр омода мекунанд. Онҳоеро, ки додгоҳ ҷарима кардааст, бо воситаи ҳунарашон пул кор карда, ҷаримаашонро месупоранд. Ҷойи кор, хоб ва ошхонаҳои ин ду зиндон воқеан ҳам тозаву тамизшуда буданд. Мо ҳам бо онҳо ҳамроҳ шуда хӯрок хӯрдем. Биноҳое, ки ман панҷ сол пеш рафта дида будам, имрӯз ба куллӣ тағйир ёфтаанд. Барои маҳбусон майдонҳои варзишӣ бунёд кардаанд, ба замми ин зиндониён бо матбуоти даврӣ таъминанд, телевизор ҳам доранд. Ин барои мо хеле аҷиб буд. Бояд қайд намоям, ки ин қадамҳои аввалини ташкилот аст, ки ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва журналистон роҳро кушод.
Озодагон: Оё маҳбусон дар мавриди мушкилоташон ба шумо чизе нагуфтанд?
Ойниҳол Бобоназарова: Дар бораи ягон мушкилоти ҷиддӣ маҳбусон чизе нагуфтанд. Аслан мо бо онҳо сӯҳбати хоса надоштем, чаро ки сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия Изатулло Шарипов моро ҳамроҳӣ мекард. Таври маълум, зиндониён дар назди сардорашон на ҳама гапро мегӯянд. Мақсади мо ҳам дар қадами аввал фақат дидани шароити зиндагии онҳо ва чӣ тавр гузаштани вақти холиашон буд. Муҳим он аст, ки барои мо дарро кушоданд ба рӯямон. Мо бо он нафароне, ки ҷиноят содир карданд, кормандони собиқи прократура, милиса ва ҷангиёни собиқ, шахсиятҳои сиёсӣ сӯҳбат доштем.
Озодагон: Мушахассан гуфта метавонед, ки киро дидед?
Ойниҳол Бобоназарова: Масалан, мо бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров, райиси ҳизби демократии Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудем. Аз он кас пурсидем, ки дар зиндон чӣ мушкилот доранд? Искандаров гуфт, дар ин ҷо ҳеч мушкилӣ надорам, танҳо мушкилӣ бо додгоҳу мақомоти салоҳиятдор ҳаст…
Озодагон: Бардошту натиҷагирии шумо аз ин боздид чӣ аст ва тасмими баъдии шумо чӣ хоҳад буд?
Ойниҳол Бобоназарова: Барои мо аслан ин давраи якум буд, аз ин рӯ на ҳама масъалаҳоро бардоштем. Мақсади мо фақат шиносоӣ бо вазъи маҳбусон ва зиндонҳо буд. Изатулло Шарипов, сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия ба мо ваъда дод, ки ҳамкориро аз ин ба баъд тақвият медиҳем. Яъне, ба ҳамкорӣ омодаанд. Ӯ бо мо суҳбати озод дошт, интиқоди маҳбасхонаҳоро рад намекард, танҳо илова кард, ки чизҳои хуб ҳам бисёр аст, онҳоро нодида гирифтан намешавад. Акнун боздиди мо тамом нашудааст, аз ин рӯ хулоса карда наметавонам. Ҳафтаи оянда ба Норак сафар дорем, он ҷо бо вазъи зиндони занона ошно мешавем. Пас аз бозгашт тасмими баъдиямро бароятон мегӯям.{jathumbnail off}
Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева