Барак Обама, раисҷумҳури Амрико ҳодисаи кушта шудани 16 шаҳрванди Афғонистон аз ҷониби як афсари низомии Амрикоро аз мавзӯҳое хонд, ки ба ақибнишинии сарбозони ин кишвар аз онҷо суръат мебахшад.
Номбурда зимни як мусоҳибаи худ бо хабарнигорон рӯзи сешанбеи13-уми марти соли равон бо ишора бар ин ки ин ҳодиса ӯро водор месозад, то дар бораи бозгашти нерӯҳои низомии кишвараш тасмим бигирад, гуфтааст: «Муддати зиёде гузашт, албатта як даҳа. Усома ибн Лодинро куштем, Ал-қоидаро заиф кардем ва мавқеияти мо ниҳоят қавист».
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки бомдоди рӯзи якшанбеи 11-уми март як сарбози амрикоӣ дар ду рустои Қандаҳор 16 нафар, аз ҷумла, 9 кӯдакро ҳадафи тир қарор дод.