Тибқи ҳисобҳо сӯзишвории тариқи квота воридшаванда аз нархҳои мавҷуда бояд ҳудуди 1,7 сомонӣ арзонтар фурӯхта шавад, зеро хароҷот сари як тонна бензин зиёда аз 350 доллар камтар хоҳад шуд.
Фарҳод Мирзоев, раиси ширкати «Газпромнефт – Тоҷикистон» қаблан изҳор дошта буд, ки бе пардохти боҷи содиротӣ ворид намудани сӯзишворӣ, маънои ду сомонӣ арзон шудани онро дар кишвар дорад. Акнун Тоҷикистон дар мавриди бе пардохти боҷи содиротӣ ворид намудани 170 ҳазор тонна бензин ва 132 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, розигии Русияро ба даст овардаст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршиноси масоили иқтисодии Тоҷикистон ба ин назар аст, ки бо вуҷуди гузашти Русия коҳиши нархи сӯзишвориро дар кишвар интизор щудан даркор нест: «Ширкатҳои нисбатан хурдро ба сӯзишвории тариқи квота воридшаванда роҳ намедиҳанд. Фоида аз квота ба кисаи олигархҳо меравад. Нархи сӯзишворӣ, ки айни ҳол каме арзон шудаст, дигар аз ин поён нахоҳад рафт».
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ мутолиа намоед: https://ozodagon.tj/g/item/16245