Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар Швейтсария 28 нафар бо шумули 22 кӯдак ҳалок гардида, 24 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ин бора пулиси ин кишвар хабар додааст. Гуфта мешавад, ки мусофирбари сайёҳӣ, ки аз Белгия меомад, дар минтақаи Сери штати Валлис дар тахтаи сангини бехатарии нақб бархрӯрдааст.
Феълан, пулис ва дигар хадамоти хизматрасонии оҷилӣ дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, маҷрӯҳонро ба бемористон интииқол медиҳанд.