Ба иттилои Акбари Саттор, ин даҳ нафар Абдуқаюми Қаюмзод (хабарнигори радиои «Озодӣ»), Абдуғафори Камол (аз ТВ «Ҷаҳоннамо»), Фирӯза Саидова (аз Радиои Тоҷикистон), Сайёф Мизроб (ҳафтаномаи «СССР»), Зафар Саидов (ТВ «Сафина»), Ҷумъа Қувват (нашрияи «Нури Нуробод»), Гавҳар Умарова (аз Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода), Игор Сатторов (ҳафтаномаи «Алюминийи Тоҷикистон»), Солеҳбой Дадабоев (аз нашрияи «Ҳақиқати Суғд») ва Айниддин Қурбонов (моҳномаи "Истиқлол" дар ноҳияи Темурмалик) мебошанд.
Ба қавли манбаъ, маросими супоридани ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бояд рӯзи 11-уми март дар Рӯзи матбуот сурат мегирифт. Акнун қарор аст, ки эътои ҷоизаҳо рӯзи 17-уми март сурат бигирад.