Эмомалӣ Раҳмон озими пойтахти Русия мешавад.19-уми март
Президенти Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба Маскав меравад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, нишасти мазкур рӯзи 19-уми март баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ин сафар якрӯза хоҳад буд ва дар ин нишаст сарони кишварҳои узви иттиҳод ширкат хоҳанд кард. Шоми ҳамон рӯз бошад, Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе бармегардад ва рӯзи 20-уми март дар ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ дар пойтахт ширкат хоҳад кард.Ёдрас менамоем, Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 10-уми октябри соли 2000 дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ба тасвиб расида, аз 30-майи соли 2001 қувваи қонунӣ пайдо кардааст. Зимнан, кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аъзои он мебошанд.