Убайдуллоев ҷараёни таъмиру барқарорсозии роҳҳои шаҳрро зери назорати шахсӣ мегирад
Дирӯз, 13-уми март дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири пойтахт ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки 2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.
Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар нишаст қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳамкориҳо ва саҳмгузориҳои аҳли ҷамоатчигии пойтахт дар ободониву тозакориҳои маҳалли зист изҳори сипос намуда, дар сӯҳбати хосаву ошкоро кулли ҳузорро бори дигар бо мушаххасоти барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ, ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №75-8 аз 22 декабри соли 2011 тасдиқ гардида, баҳри омодагиҳо бахшида ба таҷлили 90-солагии мақоми пойтахт гирифтани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2012 то 1 октябри соли 2014 дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе «30 моҳи ободонӣ» эълон карда шудааст, шинос намуд. Райиси шаҳр ба масъулин дастур фармуд, ки барои ташкили рақобатпазирии корҳои омодагӣ миёни ин институтҳои шаҳрвандии шаҳр бо муқаррар намудани мукофотҳо озмун эълон карда шавад.
Манбаъ афзуд, ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи таъмири бар асари сардиҳои зимистон харобгардидаи роҳҳои ҳудуди шаҳрро тибқи барномаи шаҳрдорӣ бо сафарбарсозии маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ таъкид сохта, афзуд, ки вусъатбахшии корҳо бо инобати мусоидии боду ҳаво дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр шурӯъ гардидаст, ки рафти корҳо зери назорати шахсии раиси шаҳр сурат мегиранд.
Зикр гашт, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби мабалғҳои буҷети шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаҳои алоҳида беш аз 220 млн маблағҳо сафарбар гардида, бо ҷалби маблағҳои саҳмгузории субъектҳои соҳибкорӣ, ки дар татбиқи “Солҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо дар шаҳр” эълон шудани солҳои 2012 – 2015 ҳамчун шарики иҷтимоӣ ҳиссагузорӣ менамоянд, рӯзҳои наздик ба маблағи беш аз 15 млн. сомонӣ 92,7 км роҳҳо ё худ дар таносуби ноҳияҳои шаҳр: Сино-37.6 км (6 млн. сомонӣ), Шоҳмансур-23,2 км (2,2 млн. сомонӣ), Фирдавсӣ-16,3 км (3,5 млн. сомонӣ) ва И. Сомонӣ- 15,6 км (3,3 млн. сомонӣ) таъмири ҷорӣ карда мешаванд.