Беҳтарин роҳбари мактаби олии Тоҷикистон дар соли 2011 муайян шуд
Ректори донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор, Файзалӣ Комилов ғолиби озмуни «Беҳтарин роҳбари мактаби олӣ дар соли 2011» дониста шуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз вазорати маориф иттилоъ доданд, озмуни мазкур тибқи қарори ҳакамони Ассотсиатсияи байналмилалии соҳибкорон ва Маркази ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон- «Идеал» бахшида ба 20- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил шуда буд. Зимнан, дар ҷаласаи васеи мушовараи вазорат Нуриддин Саидов, вазири маориф, мудири шӯъбаи илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи президент Абдулҳамид Нозимов ва ректорони мактабҳои олии Тоҷикистон ширкат доштанд.Тибқи иттилоъ, дар ин нишаст Нуриддин Саидов дипломи фахрии «Беҳтарин ректори мактаби олӣ дар соли 2011»-ро ба ба Файзалӣ Комилов супорид.