Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон намояндагиашро мекушояд
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон бо Оғибой Смагулов, сафири ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон мулоқот кард.
Тавре аз хадамоти мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, зимни ин нишаст масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва кушодани дафтари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Қазоқистон баррасӣ гардид.
Манбаъ афзуд, дар ин нишаст ҷонибҳо масоили марбут ба бақайдгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ташкили комиссияи корӣ оид ба созишномаҳои қаблан имзошударо дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ ва таълиму тарбияи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар омӯзишгоҳҳои касби- техникии Қазоқистон матраҳ намуданд. Ҷониби Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин ҳамоиш изҳор доштанд, ки омодаанд ба таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар дар бахши муҳоҷират кӯмак расонанд.