Наврӯз дар донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир бо иштироки сафоратҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ҷашни Наврӯзӣ барпо гардид.
Тибқи иттилои ВКХ-и Тоҷикистон ин чорабинӣ бо ташаббуси Анҷумани Осиёи Марказии Донишгоҳи Кембриҷ ташкил карда шуда, аз ду қисм иборат буд: мизи мудаввар ва барномаи фарҳангӣ. Дар мизи мудаввар таҳти унвони “Имкониятҳои нав дар Роҳи Абрешим” Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эркин Қосимов ҳозиринро бо имконоти Тоҷикистон дар эҳё ва рушд ёфтани Роҳи Абрешим шинос намуд. Аз ҷумла, маълумоти муфассал оид ба имкониятҳои ҷойдоштаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, хатҳои интиқоли барқ пешкаш гардид. Манбаъ афзуд, дар оғози барномаи фарҳангӣ Сафири Тоҷикистон китоби “Tajikistan – 20”-ро, ки аз номи президенти Тоҷикистон барои китобхонаи Донишгоҳи Кембриҷ ирсол гардида буд, ба намояндаи донишгоҳи мазкур тақдим кард. Сипас, намояндагони ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медоданд, бо барномаҳои консертӣ баромад намуданд. Дар ҳошияи чорабинии мазкур Сафорат стенди наврӯзӣ орост. Маврид ба ёдоварист, 24 марти соли 2012 Сафорати Тоҷикистон маъракаи идонаи худро бахшида ба Наврӯз дар Лондон мегузаронад.