Ҳамзамон, Сиҷоуддин Исроилов гуфт, ки дар майдони 14 гектар кишти пиёзи барвақтӣ ва 1, 21 гектар лиму талаф ёфтааст. Дан ноҳияи Файзобод 58 тонна ва дар ноҳияи Рашт 69 тонна картошкаи тухмӣ аз хунукӣ нобуд шудааст. То ин муддат дар ҷумҳурӣ 121 сар чорвои калон, аз ҷумла 68 сар қӯтос, 4415 сар гӯсфанду буз, 106 сар асп ва 2500 оилаи занбури асал талаф ёфтаанд. Хисороти расидаи офатҳои табии ба соҳаи кишоварзию чорводорӣ то имрӯз ба 4,3 милион сомонӣ расидааст ва аз ин ҳам зиёд шуданӣ хисорот аз эҳтимол дур нест. Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои табиӣ бо фармони вазири кишоварзӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки феълан ба минтақаҳои ҷумҳурӣ сафарбар гардида бо мутахассисони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолия намуда истодаанд.