Зимнан, раиси вилоят ба Ҷамшед Норинов дар фаъолияти кориаш ба ҳайси муовини Раиси вилояти Суғд барору комёбӣ таманно кард.
PS: Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа тавллуд ёфтааст. Соли 1983 донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти кориашро дар шӯъбаи молия ва баъдан дар идораи молияи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон дар вазифаҳои роҳбарикунанда оғоз намудааст. Аз декабри соли 2006 то моҳи марти соли 2012 ба ҳайси муовини Вазири молияи Ҷумҳури Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.