Гуфта мешавад, ҳарчанд ин тасмим аксари сокинонро дилгиру асабонӣ мекунад, вале ширкат дар ҳалли он чораи дигаре надорад:"Маҳдудияти нерӯи барқ ногуворӣ ва душвориҳои зиёд меорад, бисёриҳоро асабиву дилгир мекунад, вале афсӯс алҳол фақат ҳамин қадар имконияту шароит дорем".
Бино ба иттилои расида, реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар даҳ рӯзи ахир шадидтар шуда, дар ҳоли ҳозир барқе, ки ба манотиқи Тоҷикистон дода мешавад, 20 дарсад нисбат ба аввали моҳи март камтар мебошад. Маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, сар аз моҳи апрел нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ бист дарсад боло рафта, ба 11 дирам хоҳад расид. Минбаъд сокинони кишвар ба ҷойи 9 дирам барои як киловат соат 11 дирам пардохт хоҳанд кард.