Хабарнигорони расонаҳои хабарии Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия гуфтаанд, алайҳи гирдиҳамоиҳои пайваста дар шаҳрҳо даст ба тазоҳурот хоҳанд зад.
Бино ба иддаои хабарнигорон, бар асари доир гардидани тазоҳуроти пайваста онҳо дар рӯзҳои истироҳат низ ба кор сафарбар мешаванд ва кори бидуни истироҳат онҳоро монда кардааст. Аз ин рӯ алайҳи баргузории тазоҳурот дар рӯзҳои истироҳат тазоҳуроти худро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, аллакай омодагиҳо барои баргузории тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи митингҳо шурӯъ гардида, шиори аслии тазоҳурот “Хабарнигоронро ба оила баргардонед! (Верните журналистов в семю!) будааст. Хуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозаи баргузории ҳамойиш барои пешбарӣ ба шаҳрдорӣ низ омода шудаанд.