Бар асари як оташсӯзӣ дар мағозаи “Карина” дар шаҳраки Белопесотскийи ноҳияи Ступнаи Маскав 2 шаҳрванди Тоҷикистон осеб бардоштанд.
Шоҳназари Шоҳмурод, зодаи ноҳияи Фархор ва Ҳасанов Сангалӣ, сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон бинобар беэҳтиётӣ дучори чунин ҳодисаи нохуш шудаанд. Тавре маркази матуботи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иттилоъ медиҳад, бино ба маълумоти телефонии Сангалӣ Ҳасанов, баъди сар задани сӯхтор онҳо аз рӯи кунҷкобӣ ба сӯи мағозаи оташгирифта давида, вориди он шудаанд. Дар ҳамин маврид таркиш ба вуқӯъ пайваста, онҳо чароҳат бардоштаанд. Феълан, вазъи шаҳрвандони Тоҷикистонро табибон миёнаи мӯътадил арзёбӣ кардаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳодисаи мазкурро таҳти назорат қарор дода, ба шаҳрвандони Тоҷикистон омодаи расонидани кӯмаки лозима мебошад, хабар медиҳад маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав.