Меъёрҳои ахлоқӣ ва фаъолияти журналистӣ баррасӣ гардиданд
«Мушкилоти риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати журналистикаи муосир».
Таҳти чунин унвон дар идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ мизи гирд бо ширкати хабарнигорони минтақавӣ баргузор гардид.
Тавре Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО дар оғози ин ҳамоиш иброз дошт, мулоқоти бевосита бо журналистони минтақавӣ ба он хотир аст, ки перомуни риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон ва худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ суҳбатҳои озод баргузор гарданд.
Узви Шӯро ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур оид ба зарурати қабули меъёрхои ахлоқӣ ва таҷрибаи дар ин бахш ҳосилгардида суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба риояи тавозуни назарҳо дар навиштаҳои муаллифон махсусан таъкид кард. Қайд гардид, ки маҳз риояи одоби касбӣ манзалати журналистонро боло мебарад ва онҳоро ба нерӯи воқеан қавии иҷтимоӣ табдил медихад.
Журналистон Сайраҳмон Назриев, Носирҷон Маъмурзода, Давлат Шоэътиборов, Асалмо Сафарова, Мурод Сотиев, Умар Камолов ва Латофат Чориева перомуни мушкилоти хабарнигорони минтақавӣ изҳори назар карданд. Ба андешаи онҳо маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҷиҳати таҳияи маводи босифат замина фароҳам меорад. Дар баробари ин таъкид гардид, ки мушаххасан ҷудо будани фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ, риояи эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ, ҳифзи манбаи ахбор ва ҳамраъйии касбии журналистон муҳимтарин нукоти меъёрҳои ахлоқӣ ҳастанд, ки риояи ҳамешагии онҳо дар фаъолияти журналистӣ обрӯи касби рӯзноманигориро боло мебарад.
Дар поёни ҳамоиш иштироккунандагони он муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он бо эътирофи меъёрҳои ахлокӣ ба риояи одоби касбӣ ва ҳамкории фаъоли ВАО бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудааст.