Ба гуфтаи манбаъ, ба муттаҳамин бо банди 104, қисми 2, зербанди «Б,В,Е,З» ( куштор, куштори шахс вобаста ба фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи шаҳрвандӣ ё ҷамъиятиро иҷро кардан, ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштан барои гунаҳкор бо бераҳмии махсус аз тарафи гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ)-и КҶ Чумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда буд, вале дар рафти баррасии парванда ин модда ба моддаи 110, қисми 3 банди «В» (Қасдан расонидани зарари вазин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад)-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 11 сентябри соли 2011, тахминан соати 21-и шаб, дар ҳудуди рустои Хоҷа-Алои ҷамоати Чоркӯхи ноҳияи Исфара шахсони номаълум ба сокини 34-солаи ҳамин маҳал Содиқ Ашӯров, ёрдамчии сардори мизи ба қайдгирии ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳ ҳамла оварда, ӯро бо бераҳмии махсус лату кӯб намуданд ва аз ҷои ҳодиса ғайб зада буданд. Содиқ Ашӯров аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Аз рӯи яке аз тахминҳо куштори С. Ашӯров ба фаъолияти хизматии вай вобастагӣ дорад.
Суд шахсони дар боло зикргардиддаро бо моддаи 110 қисми 3 банди «В» гунаҳкор дониста ;
-ба Фарҳод Дадобоев ҷазои 14 сол маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол,
-ба Насим Салимзода, Ёсин Сафаров ва Муҳаммадшариф Умаров ҷазои 13 солӣ маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол ва ба Равшан Холов ҷазои 12 сол маҳрумӣ аз озодӣ бо мусодираи амвол таъин намуд.
Вале ҳимоягари Насим Салимзода, Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки вай аз қарори додгоҳ розӣ нест ва нисбати он шикоят бурдааст.
-Ин ҳукм беасос ва ғайриқонунӣ аст, зерҳимояи ман ба ин ҷиноят ягон робитае надорад ва ҳимоячиёни 4 нафари дигар низ дар ҳамин ақидаанд,- афзуд Ф. Воҳидова.