Зафар Муҳаббатов, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, мегӯяд, “созишномаи мазкур қадами нахуст дар ҳамкориҳо миёни ду Ҷамъият мебошад. Бо ин созишнома ҳар ду ҷониб табодули пайвастаи иттилоотро ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангӣ ва мусоидат ба ҳамдигар ба роҳ мегзоранд, тавассути давраҳои омӯзишӣ ва сафарҳои омӯзишӣ ҳамдигарфаҳмиро таҳким мебахшанд, Салиби Сурхи Чин дар тақвияти иқтидори Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар самтҳои омодагӣ ба офатҳо ва ироаи ёрӣ ба зарардидагон кӯмак мерасонад ва ғайра”.
Ҳамзамон, Эрик Мишел Селйе, раҳбари Намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон, мегӯяд, “ҳамкориҳо бо Салиби Сурхи Чин дари нави имкониятро барои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати густариши фаъолиятҳояш ва тақвияти иқтидораш боз мекунад. ФБҶ СС ва ҲА, дар навбати худ, ҳамеша омода аст, то ба Ҷамъияти миллӣ дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нави ёрӣ ба ниёзмандон ва таҳкими тавоноӣ ёрӣ бидиҳад”.
Маврид ба ёдоварист, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бузургтарин созмони башардӯстона дар ҷаҳон буда, ҳар сол тавассути 187 узви худ дар саросари ҷаҳон ба ёрии 150 миллион нафар мерасанд. Муштаракан бо ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи байнулмилалӣ қабл аз, ҳангоми ва пас аз офатҳои табииву беҳдоштӣ ба ёрӣ мешитобад, ниёзҳои мӯҳтоҷонро бароварда месозад ва дар коҳиши осебпазирии мардум нақш мебозад. Федератсияи байнулмилалӣ тамоми фаъолиятҳои худро бидуни ҳеҷ назаркарде ба миллият, нажод, ҷинс, дин, мавқеъи иқтимоӣ ва нигоҳҳои сиёсии мардуми ниёзманд ба роҳ мондааст. Барои маълумоти бештар дар бораи фаъолиятҳо мо ба торнамои www.ifrc.org биравед ва ё бо мо дар Facebook, Twitter, YouTube ва Flickr ҳамроҳ бишавед.
Зимнан, ФБҶ СС ва ҲА намояндагии пайвастаи худро дар Тоҷикистон дар соли 1994 ташкил дод, то бевосита ба осебпазиртарин қишрҳои аҳолии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ин кишвар ёрӣ бирасонад. Дар оғоз барномаҳои Федератсия дар Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ироаи ғизо ба аҳолии осебпазир ва маводи тиббӣ ба ниҳодҳои беҳдоштӣ тарҳрезӣ шуда буданд. Сар аз соли 2004, Федератсия барномаҳои худро тавсеа дод ва ба феҳраси барномаҳои худ лоиҳаҳое оид ба омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, ёрӣ ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиву вогиршиносӣ ва рушди созмониро илова намуд. Ин ибтикорҳо дар ҷараёни чандин фаъолиятҳои фаврӣ пас аз вуқӯъи офатҳои табиӣ рӯидаст гирифта шуданд. Намояндагии Федератсияи байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар тарҳрезӣ, иҷроиш ва мониторинги барномаҳо ёриҳои фанниву машваратӣ мерасонад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз нахустин созмонҳои ёрирасон ва башардӯстона дар кишвар буда, аз соли 1927 ба ин сӯ ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ ва мардуми ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад. Дар ҳоли ҳозир, аз ҷониби ҶҲАТ беш аз 20 барнома дар соҳаҳои беҳдоштӣ, коҳиши хатарот аз офатҳои табиӣ ва рушди созмонӣ бо пуштибонии молии Федератсияи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи кишварҳои аврупоӣ амалӣ мегарданд.