Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия рӯзи байнулмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.
Тибқи иттилои ВКХ, ин чорабинӣ дар якҷоягӣ бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ва бо иштироки намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони бонуфузи доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ, илмӣ, воситаҳои ахбори умум, сафирон ва дипломатҳои сафоратҳои муқими ш. Брюссел, 21 марти соли 2012 дар кохи мавсум ба “Palais de Colonies” сурат мепазирад.
Манбаъ афзуд, сафорати Тоҷикистон дар Белгия ҷашнгирии иди байналмилалии Наврӯзро дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург дар ш. Брюссел дар толори миллии Сафорат 24 марти соли равон ба нақша гирифтааст.
Сафорат дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷик дар Фаронса ва Иттиҳодияи фаронсавии “Наврӯз” 25 марти соли ҷорӣ дар Париж дар зери манораи Эйфел Иди байналмилалии Наврӯзро ҷашн хоҳад гирифт.