Гуфта мешавад, Шоҳназар Таваров, корманди Хадамоти мазкур зимни сафараш ба минтақаи Урали Русия дар натиҷаи гуфтушунид бо роҳбарияти ширкати «Уралтяжбтрубстрой" ба мушкилоти ин муҳоҷири тоҷик расидагӣ намудааст: «Номбурда аз шаҳрвандони Тоҷикистон оиди нақзи ҳуқуқашон як қатор муроҷиату шикоятҳо гирифтааст. Шаҳрванди дигари мо Азизмурод Алибоевич, ки дар "Металокомплекс" кор мекардаст, инчунин аз нагирифтани маошаш шикоят кардаст».
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар натиҷаи муроҷиати корманди хадамот, ширкат қисман маоши Азизмуродро пардохт карда, боқимондаашро ояндаи наздик медиҳад.