Тавре Шавкат Ахмедов, масъули Федератсияи Футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» итилоъ дод, дирӯз дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и Душанбе дар даври ниманиҳоӣ дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо тими ССКА «Помир»-и Душанбе қувваозмоӣ намуданд. Вақти асосии сабқат бидуни гол ба анҷом расид. Дастаи «Хайр» зимни зарбаҳои 11-метра (пеналтӣ) бо ҳисоби 6 бар 5 ғолиб омада, ба финал баромад.
Бозии дигари ниманиҳоӣ миёни тимҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Равшан»-и Кӯлоб сурат пазируфт. Дастаи «Регар-ТадАЗ» ин бозиро бо нафъи худ анҷом дода, тими «Равшан»-ро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод.
Гуфта мешавад, рӯзи 13-уми март дастаҳои «Хайр» ва «Регар-ТадАЗ» барои дарёфти Ҷоми ФФТ вориди сабқат мешаванд. Дастаҳои ССКА «Помир» ва «Равшан» барои мақоми сеюм рақобат хоҳанд кард.
Ёдрас менамоем, маблағи ҷоизаи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Барои зинаи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои мақоми сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.