Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Кордори намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон-ку мулоқот кард.
Тибқи иттилои ВКХ, дар ҷараёни нишаст, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла барномаи баргузории чорабиниҳои гуногуни бахшида ба 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.