Нахуст гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамралиев доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2010 ва моҳҳои аввали соли 2011 Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тавассути ба роҳ мондани ислоҳоти бобарор ба нишондодҳои назаррас дар татбиқи барномаю стратегияҳои миллии рушд, ки дар асоси Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия ва қабул шудаанд, ноил гардид.
Намояндаи доимии Оҷонсии Ҷопон доир ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Ҷиро Лида ба Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ҷопон баъди садамаи даҳшатбор дар нерӯгоҳи атомии Фукушима арзи сипос намуд.
Ҷаласаро Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, аз ҷумла зикр намуд, ки «ноил шудан ба рушди устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ тӯли солҳои охир аз 72 то 45 фоиз коҳиш дода шавад ва сатҳи зиндагии қариб 2 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардад ва онҳо аз камбизоатӣ раҳо ёбанд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба таъмин гардидани рушди мўътадили иқтисодиёти кишвар бештар бахшҳои асосии он, яъне афзоиши воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,9 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, гардиши савдои чакана 7,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 15,3 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 10 фоиз мусоидат намуданд".
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд моҳи декабри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд бо иштироки васеи вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дақиқу муфассал баррасӣ карда шаванд ва доир ба ҳадафу вазифаҳои амалинагардида тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки соли оянда барои баррасии ин масоил ва сафарбарсозии захираҳои иловагӣ дар яке аз кишварҳои хориҷӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс оид ба Тоҷикистон гузаронида шавад.{jathumbnail off}