Тафтиш муайян кард, ки маводи дарёфтшуда, ба шаҳрванд Абдуҷаббор Абдухолиқови 47- сола сокини деҳаи Меҳнатобод тааллуқ дорад. Инчунин ба ҳамин ҳодиса монанд, зимни амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Ҷайлов Ашурови 51-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ва Фахриддин Холмирзоеви 42 сола, сокини кӯчаи Кайҳонавардон дастгир карда шуданд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дасти Фахриддин Холмирзоев 1 адад селофани печонидашуда, ки дар дохилаш 1килою 07 грамм маводи нашъадори бангдона дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Феълан, нисбати ин қазияҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, тафтишот идома дорад.