«МегаФон-Точикистон» -оператори алоқаи ҷумҳуриявӣ, ки бо мусоидати Ҳукумат ва Вазорати алоқаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Саҳмияҳои он ба ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ҶСК «МегаФон» тааллуқ дорад. «МегаФон-Тоҷикистон» дар бозори алоқаи Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ фаъолият дорад. Шурӯъ аз соли 2009 вазифаи сарвари иҷроияи ширкатро дар ҷумҳурии мо Алексей Семёнов бар зимма дорад.
Ҳоло сарвари иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон меҳмони навбатии хабаргузории «Озодагон» аст. Ва ӯ изҳори омодагӣ кард, ки ба суолу пурсиш ва дархостҳои Шумо муштариёни азиз посух бигӯяд.
Суолу пурсишҳои худро дар ин нишонӣ гузошта, дар зудтарин фурсат ҷавобро интизор шавед: https://ozodagon.tj/rbr/97-2011