Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» мавриди муҳокимаи Шӯрои МН қарор гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур иҷрои банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвият бахшидани раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо барои соли 2011, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми феврали соли 2011 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Гуфта мешавад, дар қонуни мазкур ба 9 моддаи он лоиҳаи тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созишнома оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ва моликияти зеҳнии ҳуҷҷати Созмони умумиҷаҳонии савдо, яъне махфӣ нигоҳ доштани маълумоти зарурӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ мебошад.
Дар Шўро ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.