Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши гайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми ду моҳи соли ҷорӣ аз тарафи кормандони милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 93 кг 881 гр маводи нашъовар боздошт ва мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли ҷорӣ 7 кило зиёд мебошад: «Дар 2 моҳи соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 86 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд.
Аз ин миқдор ( 93 кг), зиёда аз 11 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 80 кг гурӯҳи бангдона ва 1 кгро афюн ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 41 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.