Носир Бозоров сармураббии тими мунтахаби кишвар дар риштаи варзиши дзю-до, дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба мураббиёни ин риштаи варзиш машғулияти бозомӯзии ҳамбастагии олимпӣ мегузаронад.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи милли олимпӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, мақсад аз гузаронидани машғулиятҳо аз худ намудани усулу қоидаҳои нави дзю-до миёни мураббиён ба ҳисоб меравад. Баҳри ширкат дар ин машғулиятҳо намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шомиланд.
Саид Ҳоҷиюсуфзода, эксперти байналмилалӣ аз ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси дарсомӯз даъват гардидааст. Курси омӯзишӣ дар соли ҷорӣ маротибаи дуюм аст, ки бо дастгирии Кумитаи миллии олимпӣ баргузор мегардад. Машғулиятҳо то санаи 19-уми март дар шакли назариявӣ ва амалӣ идома меёбад. Расми ифтитоҳи курс дар арафаи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба дзю-до ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад рост омадааст.