Дар таркиби нӯшобаи кока- кола ва пепсӣ- кола кансероген (моддаи кимиёвие)- ро кашф кардаанд, ки боиси шаклгирии бемории саратон аст.
Дар ҳоли ҳозир тавлидкунандагони ин навъи нӯшоба маҷбуранд, таркиби ин нӯшокии маҳбуби оламро тағйир диҳанд. Дар сурати дигар ночор бояд дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шишаҳои он навиштаи зарарнокии он пайдо шавад.
Гуфтанист, ин мода (кансероген) дар таркиби ранге мавҷуд будааст, ки ранги онро тағйир медиҳад. Бояд тазаккур дод, ки бренди Pepsi-Cola ва Coca-Cola дар ИМА аз соли 2006 то 2010 қиматтарин бренд ба шумор мерафт, ки тибқи омор ҳар сония беш аз 8 ҳазор истакон аз ин нӯшокиро мардуми ҷаҳон истеъмол мекунанд.