Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт.
****
Он чӣ мардонро кунад рӯбаҳмизоҷ,
Эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ аст, эҳтиёҷ.
****
Марди озоде, ки донад хубу зишт,
Менағуҷад рӯҳи ӯ андар биҳишт.
****
Тавба аз аъмоли номаҳмуд кун,
Эй зиёнандеш, фикри суд кун.
****
Ҳадиси дуруст охир аз Мустафост,
Ки бахшоишу хайр дафъи балост.
****
Гар аз дилбаре дил ба танг оядат,
Дигар ғамгусоре ба чанг оядат.
****
Он миллате ба роҳи саъодат ниҳад қадам,
К- ӯ худ ба фикри модару фардои модар аст.
****
Ба ҳиҷрон Сайфи Фарғонӣ машав навмед аз васлаш,
Ки доим дар ақиб бошад баҳоре мар зимистонро.
****
Макун такя бар мулку ҷоҳу ҳашам,
Ки пеш аз ту будасту баъд аз ту ҳам.
****
Ҳаркӣ аз банди худӣ вораст, мурд,
Ҳаркӣ бо бегонагон пайваст, мурд.
****
Сири шериро нафаҳмад гову меш,
Ҷуз ба шерон кам бигӯ асрори хеш.
****
Манзили мақсуд агар хоҳӣ ба роҳи рост рав,
Кай расад боре ба манзил чунки бошад бор каҷ.
****
Мӯъмин аз азму таваккул қоҳир аст,
Гар надорад ин ду ҷавҳар кофир аст.
****
Ғаму шодмонӣ намонад, валек,
Ҷазои амал монаду номи нек.
****
Чу бинӣ, ки ёрон набошанд ёр,
Ҳазимат зи майдон ғанимат шумор.
****
Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.
****
Дили зердастон набояд шикаст,
Мабодо, ки рӯзе шавӣ зердаст.
****
Камол он аст, ки аз худ бошӣ огоҳ,
Чӣ дар саҳро, чӣ дар хилват, чӣ дар роҳ.
****
Оҳ аз он қавме, ки аз по дарфитод,
Миру султон зоду дарвеше назод.
****
Ҳаркӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
****
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Яке гар тавонӣ дил ба даст ор.
****
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В- аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
****
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро санъати сеҳрофарин бояд.
****
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
****
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
****
Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,
То ба пойи худ равон шудем, саргардон шудем.
****
Ҳаркӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
****
Қадри устод аз падар беш аст,
В- аз падар устод дар пеш аст.
****
Эй нури чашми ман, сухане ҳаст гӯш кун,
То соғарат пур аст, бинӯшону нӯш кун.
****
Гарат зиндагонӣ набиштаст дер,
На морат газояд, на шамшеру шер.
****
Надонистӣ, эй кӯдаки худписанд,
Ки мардон зи хидмат ба ҷое расанд.
****
Ба он мӯъмин Худо коре надорад,
Ки дар тан ҷони бедоре надорад.
****
Ангушт макун ранҷа ба дар куфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар куфтанат мушт.
****
Ҳакимонро баҳо камтар ниҳоданд,
Ба нодон ҷилваи мастона доданд.
****
Хатоҷӯён хатои худ биҷӯед,
Ба олам бехато ғайр аз Худо нест.
****
Ғарбиёнро шеваҳои соҳирист,
Такя ҷуз бар хеш кардан кофирист.
****
Ба дӯзах барад мардро хӯйи зишт,
Ки ахлоқи нек омадаст аз биҳишт.
****
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.
****
Дарси муаллим ар бувад замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
****
Дареғ аст рӯй аз касе тофтан,
Ки дигар нашояд чун ӯ ёфтан.
****
Аз ғуломӣ дил бимирад дар бадан,
Аз ғуломӣ рӯҳ гардад бори тан.
****
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
****
Гар касе шабҳо хурад дуди чароғ,
Гирад аз илму фану ҳикмат суроғ.
****
Мисли ҳайвон хурдан осудан чӣ суд,
Гар ба худ маҳкам наӣ, будан чӣ суд.
****
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
****
Шерри нарро меш кардан мумкин аст,
Ғофилаш аз хеш кардан мумкин аст.
****
Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,
Ки нокас кас намегардад, аз ин боло париданҳо.
****
Хирс мулло мешавад аз зарби чӯб,
Беадабро ҳар куҷо ёбӣ бикӯб!
****
Асри ман донандаи асрор нест,
Юсуфи ман баҳри ин бозор нест.
****
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
****
Дар тааҷҷуб мешавам аз қисматам гоҳе ҳанӯз,
Дастгири ҳаркӣ будам, охир гиребонгир шуд.
****
Бар қазо кам неҳ баҳона, эй ҷавон,
Ҷурми худро чун ниҳӣ бар дигарон.
****
Гуфт Пайғамбар, ки ҷаннат аз Илоҳ,
Гар ҳамехоҳӣ зи кас чизе махоҳ.
****
Ҷонвар фарбеҳ шавад, лек аз алаф,
Одамӣ фарбеҳ зи изз асту шараф.
****
Шикасти шишаи дилро магӯ, ки садое нест,
Ин садо ба қиёмат баланд хоҳад шуд.
****
Бартар аз гардун мақоми одам аст,
Асли таҳзиб эҳтироми одам аст.
****
Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ нагардад ба шустан сафед.
****
Ба дунёе, ки мардонаш асо аз кӯр медузданд,
Мани нодони хушбовар ҳақиқат ҷустуҷӯ дорам.
****
Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз.
****
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
****
Бад- он кас, ки ҷонаш зи дониш тиҳист,
Ситеҳиданат мояи аблаҳист.
****
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, ки он бувад ҷовидон.
****
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
****
Ройи матлаб зи бузургони кӯҳансол талаб,
Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд.
****
Ошиқон шабзиндадору дузд ҳам шабзиндадор,
Ҳарду бедоранд, аммо ин куҷову он куҷо?
****
Таъна аз кас хуш набошад, гарчӣ ширингӯ бувад,
Захми най бар дида сахт аст, ар ҳама найшакар аст.
****
Чӣ нохуш бувад дӯстӣ бо касе,
Ки моя надорад зи дониш басе.
****
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
****
Зи гуфтору кирдору аз хӯйи зишт,
Касе надравад хуб, агар зишт кишт.
****
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
****
Бода дар хум кӯҳна чун гардад давоӣ мешавад,
Духтари раз пир чун шуд, мумиёӣ мешавад.
****
Биё то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
****
Пушаймонӣ аз карда як бор бас,
Ҳалоҳил дубора нахӯрдаст кас.
****
Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,
Чу дидед сармо, баҳор оваред.
****
Суханро ҷойгаҳ бингар, пас он гаҳ гӯ, агар донӣ,
Замоне дар тафаккур беҳ, ки умре дар пушаймонӣ.
****
Дар ҷунун девонаро данге бас аст,
Хонаи пуршишаро санге бас аст.
****
Киштии мо бекасон рӯзе, ки дар гирдоб монд,
Нохудо раҳме накард, аммо Худое доштем.
****
Ҳаркӣ шуд аз ҳамзабони худ ҷудо,
Бенаво шуд, гарчӣ дорад сад наво.
****
Асо аз ростӣ ҳар дам ба гӯши пир мегӯяд,
Дигар дар хоб хоҳӣ дид, айёми ҷавониро.
****
Назарро нағз кун, то нағз бинӣ,
Гузар аз пӯст кун, то мағз бинӣ.
****
Ба номи накӯ гар бимирам равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
****
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.
****
Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,
Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.
****
Биёмӯз то зиндаӣ рӯзу шаб,
Чунин гуфт доно, ки бикшод лаб.
****
Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Таҳияи Толибшоҳи Сайидзода